Ҷаласаи корӣ оид ба баргузор намудани чорабинии бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

5 июни соли 2026 дар бинои КВД “Шаҳри ҳушманд” ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед ва Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Нурулло Шамсулло бо иштироки як қатор сохторҳои дахлдор ва намояндагони мақомотҳои қудратӣ баргузор гардид. Мақсади асосии он иҷрои Протоколи маҷлиси назди Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз 7 апрели соли 2026, №7 буда, ба масъалаи ташкил ва баргузор намудани чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 2026) равона шудааст.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои муҳими дастрасии логистикӣ ба Стадиони миллӣ, ташкили идоракунии ҷараёни тамошобинон, таъмини амният ва риояи протоколи давлатӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор баррасӣ гардиданд.

Дар кори ҷаласа намояндагони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top