Вохӯрии корӣ вобаста ба татбиқи платформаи “eTib”

3 апрели соли 2026 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ бо иштироки табиб, мушовир ва намояндаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии шаҳри Калифорнияи ИМА, Ораш Алоӣ, намояндагони Сарраёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” ва дигар масъулон дар доираи лоиҳаи “eTib” баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 “Дар бораи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва инчунин иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз моҳи ноябри соли 2025 оид ба ҷорӣ намудани барномаи “eTib” дар тамоми муассисаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо механизмҳои корӣ, вазифаҳои банақшагирӣ, тақсимот ва баҳисобгирии захираҳои кормандони тиб, назорати нишондиҳандаҳои асосии стратегии соҳаи тандурустӣ, инчунин роҳҳои ворид намудани маълумоти зарурӣ ба платформаи “eTib”-и КВД “Шаҳри ҳушманд” дар соҳаи тандурустиро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба идомаи муколама ва амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба барномаи “eTib” ба мувофиқа расиданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top