Ҳисобот аз рафти татбиқи лоиҳаи “Харитаи электронии шаҳри Душанбе”

9 феврали соли 2026 таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом вохӯрии корӣ бо иштироки роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва як қатор намояндагони вазорату идораҳо ва сохторҳои шаҳрии Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо намояндагони ниҳодҳои шаҳрӣ тарҳи нави “Харитаи электронии шаҳри Душанбе” муаррифӣ шуд. Дар ҳисобот модули таҳлилӣ ва тарзи дурусти истифодаи харитаи мазкур дар фаъолияти корӣ шарҳ гуфта шуд. Лоиҳа бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия шуда истодааст.

Мақсади асосии лоиҳа татбиқи фаъолияти кории нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати устувори шаҳрӣ мебошад. Ин иқдом ба коҳиши таъсири манфии нақлиёт ба муҳити зист ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва зиндагии сокинони пойтахт равона шудааст.

Иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои шарикӣ ва татбиқи босамари лоиҳа изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top