18 декабри соли 2025 роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони ширкати «Huawei» Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти корӣ баргузор намуд./h3>
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» рунамо оид ба фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои он пешниҳод гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои маркази коркарди маълумот, зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои зарурӣ ва такмили идоракунии шаҳр мавриди баррасӣ қарор доданд./h3>
Таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи платформаҳои таҳлилӣ, системаҳои мониторинг ва технологияҳои дорои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии равандҳои шаҳрӣ равона гардид. Намояндагони «Huawei» омодагии худро ҷиҳати мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва мутобиқсозии ҳалли технологӣ барои шароити шаҳри Душанбе изҳор намуданд./h3>
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо оид ба идомаи муколама ва таҳияи пешниҳодҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ мубодилаи назар оид ба самтҳои калидии рушди устувор ва рақамии шаҳри Душанбе сурат гирифт./h3>

Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte