3 декабри соли 2025 дар дафтари кории ГТЛ «Рушди устувори шаҳри Душанбе» вохӯрии намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони миссияи шарҳии Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе», аз ҷумла амалисозии тадқиқотҳо оид ба гузаронидани «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа барои низоми ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ ва партовгоҳи шаҳри Душанбе», «Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ оид ба такмили низоми ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ, аз ҷумла низоми тарифӣ ва биллингӣ дар шаҳри Душанбе» ва «Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ оид ба барқарорсозӣ ва васеъкунии партовгоҳи сахти маишии шаҳри Душанбе», инчунин нақшаи чорабиниҳои ояндаи лоиҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Инчунин ҷанбаҳои муҳими лоиҳаи тарҳрезишавандаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе», фаъолиятҳои техникӣ ва пешниҳоди бастаи пурраи ҳисоботҳо, ки дар доираи таҳқиқоти пешакӣ омода гардидаанд, баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ изҳор намуда, таъкид карданд, ки барои татбиқи босифат ва саривақтии лоиҳа чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte