Иштироки роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» дар Форуми «Asia Smart City Conference 2025» дар шаҳри Йокогамаи Ҷопон

26 ноябри соли 2025 дар шаҳри Йокогамаи Ҷопон Форуми «Asia Smart City Conference 2025» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои технологӣ, муассисаҳои илмӣ ва маъмуриятҳои шаҳрӣ аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд.

Директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Саъдӣ Самадзод, дар форуми мазкур ширкат варзида, бо рунамоии муфассал самтҳои асосии фаъолияти корхона, саҳми он дар рушди инфрасохторӣ ва пешбурди раванди рақамикунонии шаҳри Душанберо муаррифӣ намуд.

Дар доираи баргузории форум ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати пешбурди ташаббусҳои марбут ба рушди шаҳрҳои «Ҳушманд» идома доранд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top