Эълон оид ба ифшои иттилооти ҳуҷҷатҳои иҷтимоӣ-экологӣ, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе” таҳия гардидаанд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лоиҳаи Рушди устувори шаҳри Душанбе (РУШД)-ро мутобиқи стандартҳои Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) омода намуда истодаанд. Лоиҳаи мазкур ба рушди низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалии марбут дар шаҳри Душанбе равона гардида, аз қисматҳо (компонентҳо)-и зерин иборат аст:
• Қисмати 1. Баланд бардоштани самаранокии ҷамъоварии партовҳои сахт дар шаҳри Душанбе;
• Қисмати 2. Коркард ва ҷойгиркунии партовҳои сахт тавассути навсозӣ ва бозсозии партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ, ки ба шаҳри Душанбе хизмат мерасонад;
• Қисмати 3. Тақвияти иқтидори институтсионалӣ;
• Қисмати 4. Дастгирии идоракунии лоиҳа.

Айни ҳол, таҳлили экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа гузаронида шуда истода, дар доираи ин таҳлил ҳуҷҷатҳои зерин таҳия шудаанд:
• “Ҳуҷҷати чаҳорчӯбавӣ оид ба идоракунии иҷтимоӣ ва экологӣ” – ҳамчун дастур барои арзёбии иҷтимоӣ ва экологӣ дар зерлоиҳаҳои оянда мутобиқ ба талаботи Бонки Ҷаҳонӣ ва қонунгузории миллӣ Боргирӣ кардани PDF, Боргирӣ кардани PDF

• “Нақшаи ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор” – ҳамчун роҳнамо барои ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор ҳангоми банақшагирӣ ва татбиқи лоиҳа Боргирӣ кардани PDF, Боргирӣ кардани PDF

• “Нақшаи чаҳорчӯбавӣ оид ба кӯчонидан” – ҳамчун асос барои арзёбии таъсир ба моликият, ба монанди замин, иншоот ё воситаҳои рӯзгузаронӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҷуброн Боргирӣ кардани PDF, Боргирӣ кардани PDF

Мутобиқ ба стандартҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, КВД “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мӯҳлати 30-рӯзаи нашри оммавии ҳуҷҷатҳоро аз 17 октябр то 17 ноябри соли 2025 эълон менамояд ва даъват мекунад, ки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор фикру пешниҳодҳои худро нисбати ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда ирсол намоянд. Шарҳҳо ва пешниҳодҳоро метавонед ба КВД “Шаҳри ҳушманд” тибқи маълумоти тамосии дар “Нақшаи ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор” зикргардида, ирсол намоед. Шарҳҳо ва пешниҳодҳоро метавонед ба КВД “Шаҳри ҳушманд” тавассути почтаи электронӣ dsudp@dsc.tj ирсол кард ё рақами телефон ‪+992 (372) 27-00-63‬ тамос гиред.

Дар доираи давраи нашри оммавӣ, санаи 29 октябри соли 2025 аз соати 09:00 то 13:00, дар дафтари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе”, воқеъ дар кӯчаи Турсунзода 27А, вохӯрии машваратӣ баргузор мегардад. Мақсади ин вохӯрӣ муаррифии ҳуҷҷатҳои зикршуда ва ҷамъоварии фикру мулоҳизаҳои ҷонибҳои манфиатдор дар марҳилаи ибтидоии банақшагирии лоиҳа мебошад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top