13 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии “ПЛАС Digital Tajikistan 2025” баргузор гардид.
Форуми байналмилалии “ПЛАС Digital Tajikistan 2025” яке аз рӯйдодҳои бузургтарини минтақа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва навовариҳо ба ҳисоб меравад.
Форуми мазкур намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши бонкӣ, ширкатҳои IT, операторони алоқа ва дигар соҳаҳои ба ин самт алоқамандро барои баррасии масъалаҳои мубрами рақамикунонии иқтисодиёт ва ҷорӣ намудани ҳалли пешрафтаи технологӣ муттаҳид намуд.
Дар доираи ҷаласаи панелии «Стартапҳо дар иқтисодиёти муосири рақамӣ. Smart city заминаи самараноки лоиҳаҳои стартапӣ» баромади намояндаи КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар доираи Форум намунаҳои муваффақи татбиқи системаҳои зеҳнии сунъӣ барои рушди инфрасохтори рақамии шаҳрӣ пешниҳод гардиданд.
Форум ҳамчун майдони таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ хизмат намуд.







Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte