9–10 октябри соли 2025 дар шаҳри Боки Ҷумҳурии Озарбойҷон, чорабинии байналмилалии “Critical Infrastructure Defence Challenge 2025” баргузор гардид. Ин ҳамоиш аз ҷониби Хадамоти давлатии алоқаи махсус ва амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил ва роҳандозӣ шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ширкатҳои пешсафи амнияти иттилоотӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳои мухталиф, коршиносони соҳавӣ, намояндагони доираҳои илмӣ ва ассотсиатсияҳои касбӣ иштирок намуданд.
Намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” —и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин чорабинӣ ширкат варзида, дар марҳилаи ниҳоии озмуни “Ҷанги киберӣ дар шаҳрҳои ҳушманд” фаъолона иштирок карданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳимояи инфрасохтори муҳим, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва шиносоӣ бо бартараф кардани мушкилоти инноватсионии соҳаи амнияти киберӣ мебошад. Иштирокчиён бо сенарияҳои воқеии ҳамлаҳои киберӣ ва роҳҳои муосири муқовимат ба онҳо шинос гардиданд.
Чорабинӣ ҳамчун платформаи муассир барои рушди ҳамкориҳои стратегии байни сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин тақвияти иқтидори касбии мутахассисони соҳа хизмат намуд.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte