17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.
Форуми имрӯза, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоди баланд ва омодагии тарафайн баргузор гардид, имкон медиҳад, ки соҳибкорони ширкатҳои пешсаф мустақиман бо ҳам мулоқот намоянд, афзалияти ҳамкориро муайян созанд ва дар тақвияти муносибатҳо заминаи нав гузоранд.
Дар форум Ёддошти тафоҳуми чортарафа байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои зеҳни сунъии назди вазорат, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» ва ширкати «Presight AI LTD»-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ ба имзо расид.
Созишномаи имзошуда қадами муҳим дар самти тақвияти ҳамкории стратегӣ ва рушди робитаҳои ҳамкории зич ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ бо истифода аз иттилооти шаҳрӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte