Аз 14 то 18 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи Hilton, семинари Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба идоракунии шартномаҳои FIDIC баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи донишҳои иштирокчиён дар соҳаи идоракунии самараноки шартномаҳо дар доираи лоиҳаҳое мебошад, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд. Иштирокчиён донишу таҷрибаҳои амалиро дар ҳамаи марҳилаҳои шартнома, аз банақшагирӣ то татбиқ ва назорат аз худ намуда, инчунин бо хусуссиятҳои шартномаҳои FIDIC, аз ҷумла EPC, китобҳои нуқрагин ва тиллоӣ, муфассал шинос шуданд.
Аз гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» -и Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» муҳандисон ва мутахассиси харид иштирок намуданд. Дар натиҷаи иштирок дар семинар, онҳо омӯзишро бо муваффақият анҷом дода, бо сертификат сазовор гардонида шуданд. Иштирок дар ин чорабинӣ ба мутахассисони ГТЛ дар таҳкими малакаҳои касбӣ, беҳтар намудани ҳамкорӣ дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи татбиқи босифати лоиҳаҳои инфрасохторӣ мусоидат хоҳад намуд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte