Рӯнамои “Механизми баррасии арзу шикоятҳо” бо иштироки намояндагони КВД-ҳои партовкашон

Санаи 21 ноябри соли 2024, дар дафтари кории ГТЛ “Рушди уствуори шаҳри Душанбе” назди КВД “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони КВД-ҳои партовкашони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино-1, Сино-2, Фирдавсӣ, Зарафшонкомунал 116-и ноҳияи Сино ва КВД “Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе” ҷиҳати рӯнамои механизми баррасии арзу шикоятҳо (МБАШ) ҷаласа баргузор гардид. Дар рафти вохурӣ мутахассис оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар мавзӯъи “Механизми баррасии арзу шикоятҳо” (МБАШ) барои иштирокчиён рӯнамо намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои татбиқи саривақтии лоиҳа изҳори ҳамкорӣ баён намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top