ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №11 АЗ 13.01.2023 Дар бораи муваққатан ҷойгир намудани сутунпояҳои махсуси алоқаи мобилӣ, дар худуди шаҳри Душанбе Муроҷиати Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-ро аз 04 ноябри соли 2022, №44-1893-ро баррасӣ намуда, бо инобати нусхаҳои мавзеъҳои муайянкардашуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ҚАРОР МЕКУНАМ: 1. Ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» барои муваққатан ҷойгир намудани 7 (ҳафт) вдвд сутунпояи махсуси алоқаи мобилӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо тасдиқи мавзеъҳои муайянкардашуда, муҳлатнок иҷозат дода шавад. 2. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» сутунпояҳои махсусро дар шакли тасдиқкардашудаЮ дар мавзеъҳои муайянкардашуда дар мувофиқа бо заминистифода-барандагони якумдараҷа ва сохтмонҳои дахлдори шаҳри Душанбе, ҷойгир намоянд. 3. Муқаррар карда шавад, ки дар ҳолати татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои муайянкардашудаи сутунпояҳои махсуси алоқаи мобилӣ бе талаби ҷуброни зарар аз ҷониби корхонаи мазкур бартараф карда шуда, қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида мешаванд. 4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. Post Views: 758
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №716 АЗ 30.12.2022 Дар бораи таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии «Сутунпояҳои махсуси таъинотӣ» дар ҳудуди шаҳри Душанбе Бо мақсади ташкили заминаҳо барои рушди инфрасохтори шаҳрӣ…
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №716 АЗ 15.11.2019 Дар бораи тасдиқи Тартиби ба роҳ мондани кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе…