13 январи соли 2020 байни Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)” ва ширкати Zet – Mobile ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Мулоқот дар офиси марказии Zet-Mobile баргузор шуд, ки дар он вазифаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.

Технологияҳои интеллектуалӣ, лоиҳаҳои ҳушманд (Smart лоиҳаҳо) тамоюли қавӣ дар солҳои охир мебошад.

“Шаҳри ҳушманд” яке аз ҷузъҳои иқтисоди рақамӣ мебошад. Ин консепсия татбиқи ҳамаҷонибаи технологияҳои коммуникатсиониро дар равандҳои идоракунии шаҳр, инфрасохтор, хизматрасониҳои нақлиётӣ, обтаъминкунӣ ва қувваи барқ бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳо ва беҳбуд бахшидани зиндагии шаҳрвандонро дар назар дорад.

Барои бунёди шаҳри ҳушманд муҳим аст, ки ҳамаи хизматрасонихое, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва хизматрасонӣ бо истифодаи технологияи IT пешниҳод мешаванд, барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт қулай бошад.

Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” ва шарикон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои беҳтар намудани беҳбуди ояндаи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт кушиш менамоянд.

Дар рафти гуфтушунидҳо оид ба рақамисозии инфрасохтори шаҳр, дастгирии экспертӣ дар татбиқи лоиҳаҳо оид ба ташкили системаҳои зеҳнии идоракунии иқтисодиёти шаҳр, нақлиёт, энергетика, маориф, тандурустӣ ва ғайра ба мувофика расиданд.

Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи технологияи WiFI ба имзо расонида шуд. Ширкати мобилии Zet – Mobile нақлиёти ҷамъиятиро (автобусҳо ва троллейбусҳо) бо технологияи WiFi муҷаҳҳаз менамояд, ки шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт дар нақлиёти ҷамъиятӣ имконияти истифодаи интернети ройгонро пайдо мекунанд.

Илова кунед

scroll to top