Тренинги омузишӣ барои маъмурони барномаи электронии eDonish

Санаи 15 ва 16 марти соли 2023 дар муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” тренинги омӯзишӣ барои маъмурони барномаи электронии “eDonish” дар муасссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Намояндагон аз КВД “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, МД “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”, ширкати барномасозии миллии ҶДММ “Ватан ИКТ”, ҶДММ “Симин” ва ширкати “Вавилон-Т” иштирок намуданд.

Муаррифии мавзуњои “Шабакаи локалӣ”, “Кор бо компютер”, “Тарзи корбарӣ бо барномаи eDonish”, “Камераҳои назоратии FaceID” ва “Интернет ва тарзи пайвастшавӣ ба сомонаҳои дастрас” ба маъмурони муассисаҳо манзур гардонида шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top