Мулоқот бо муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия

1 марти соли 2023 дар КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» –и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохури бо чонишини вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Груздев Алексей Владимирович ва бо ҷонишини Вазири саноат ва технологияхои нави Ҷумхурии Точикистон Солеҳзода Умед Абдулло бо роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои IT Park Душанбе ва харитаи электронӣ дода шуд.

Зимнан зикр гардид, ки «Шаҳри ҳушманд» ҳадафҳои гуногун дорад, вале муҳимтаринаш истифодаи технологияҳои муосир барои рушди шаҳр ва баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими муносибатҳо низ баррасӣ шуданд.

Мулоқот дар фазои гарми дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо нияти худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top