Сафари кории кормандони КВД “Шаҳри ҳушмад (Smart city)” аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон

4-9 июли соли 2022 ҳайати шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед дар аввалин Ҷашнвораи бародаршаҳрҳои Теҳрон бар асоси даъвати Раиси шаҳри Теҳрон ширкат варзид. Кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд”- муовини директори Корхона Бобоев Ф.Б. ва Киличев А.Ш. – сармуҳосиби Корхона шомили ҳайат буданд.

Чорабинии мазкур аз се қисмати асосӣ: ифтитоҳи расмӣ ва баргузории панелҳои ихтисосӣ, намоишгоҳи маҳсулот, дастовардҳои бародаршаҳрҳои Теҳрон ва бузургшаҳрҳои Эрон, инчунин Конфронси байналмилалии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Теҳрон иборат буд.

Барои шаҳри Душанбе дар намоишгоҳи мазкур ду гуша ҷудо гардида буд, ки дар онҳо маҳсулоти ширкатҳои ватании истеҳсолии шаҳри Душанбе: нӯшобаҳои ширкати “Сиёма”, анвои шириниҳои “Амирӣ”, хушкмеваҳои ватанӣ, маҳсули ҳунарҳои дастии ҳунармандони ширкатҳои “Рухом”, “Асрори санг”, КВД “Гулдастон”, “Шаҳлои Ватан”, инчунин маводди таблиғотии корхонаҳои “Авесто Групп”, “Сиёма” ва “Амирӣ” дар маърази иштирокчиён, меҳмонон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон гузошта шуданд. Илова ба ин, дар мониторҳои ихтисосӣ наворҳои видеоӣ аз мавзеъҳои зебоманзари сайёҳии шаҳри Душанбе ва лоиҳаҳои ҳушманди КВД “Шаҳри ҳушманд” намоиш дода шуданд.

Намоишгоҳ имкон фароҳам овард, то дар муддати як ҳафта сокинон ва меҳмонони шаҳри Теҳрон бо маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва лоиҳаҳои ҳушманд ошно гардида, дар бораи имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти бештар пайдо намоянд.

Зимни сафари корӣ Муовини директори КВД “Шаҳри ҳушманд” – Бобоев Ф.Р. дар нишасти панелӣ дар мавзуи “Талабот ба идоракунии “Шаҳри ҳушманд” ва дастрасии оммавӣ ба махзани маълумот” маъруза намуда, ба иштироккунандагони ҳамоиш оид ба рақамикунонии шаҳри Душанбе, аз он ҷумла дар бораи лоиҳаҳои ҳушманд “Ҳукумати электронӣ”, “еДониш”, “Таваққуфгоҳҳои ҳушманд” ва “GPS tracking” мухтасар маълумот дод.

Инчунин, дар рафти сафари корӣ кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд” аз мавзеи Екбатани “Метрои Теҳрон”, “Маркази назорати дурбинҳои ҳушманди тунели Теҳрон”, корхонаи коркарди партовҳои шаҳри Теҳрон ва корхонаи “Шаҳри ҳушманди Теҳрон” ҷиҳати табодули таҷриба ва маълумот дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо дидан намуданд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур мулоқоти ҳайати шаҳри Душанбе бо муовини якуми раиси шаҳри Теҳрон Лутфуллоҳ Фурӯзанда ва Дабири кулли Форуми раисони шаҳрҳои Осиё Ҳамидризо Ғуломзода доир гардид, ки дар рафти ин дидорҳо доираи васеи самтҳои ҳамкории шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top