16 июни соли 2022 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Саммити дуюми минтақавӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он директори корхонаи воҳиди давлати «Шаҳри ҳушманд (Smart city) -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шарҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод иштирок ва бо маъруза баромад намуд.
Ҳадафҳои рушди устувор фарогири 17 самт аз он ҷумла: рушди иқтисодии шаҳри Душанбе, ноил шудан ба ҳаёти солим ва баланд бардоштани некуаҳволӣ, таълими фарогир, коҳиш додани ифлосшавӣ, инноватсия, инфрасохтор ва ғайра мебошад.
Саъдӣ Самадзод-директори КВД «Шаҳри ҳушманд» дар маърўзаашон оид ба самтҳои Ҳадафҳои рушди устувори қайдгардида, ки ба самтҳои фаъолияти корхона алоқаманданд, дар бораи лоиҳаҳои «еДониш»-барномаи электронӣ дар соҳаи маориф, «еТиб» – барномаи электронӣ дар соҳаи тандурустӣ, шаҳри бехатар, рушноии ҳушманд, «GPS monitoring” дар соҳаи нақлиёт, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ ва парки технологӣ (IT-Park) ибрози ақида намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед