Вохурӣ бо Ректори Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

8-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вохурии директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзода бо Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Давлатзода Қудрат Қамбар баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот презентатсияи кутоҳ дар бораи лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ гардида таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои “Ҳукумати электронӣ”, барномаи электронии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе “еДониш”, лоиҳаи “GPS трекер” дар нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе, дода шуд.

Инчунин дар рафти мулоқот тарафайн оиди ҷалби донишҷуёни Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон дар коромузӣ дар заминаи Корхонаи “Шаҳри ҳушманд”, гузаронидани семинар-трейнингҳои омузишӣ, ҷалб намудани донишҷӯён дар конфронсҳои “Шаҳри ҳушманд” ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён изҳори назар намуданд.

Як қатор масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани фаъолияти муштарак дар самти ҳамкориҳо баён гардид.

Мулоқот дар фазои гарми дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо нияти худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top