Боздиди кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” аз майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол”

Санаи 26 ноябри соли равон ҳайати кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд” аз майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол” боздид ба амал оварданд.

Маҷмааи “Истиқлол”, ки дар маркази майдон бунëд гардидааст, 121 метр баландӣ дорад ва рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Боздиди кормандон аз ошёнаи якуми Маҷма оғоз гардид.

Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи “Истиқлол” Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст.

Кормандон дар осорхонаи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” аз тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомониро, ки бо назардошти арзишҳои таърихӣ сохта шудааст, шиносої пайдо намуданд. Ин тахт пурра бо усули миллӣ ороиш ва кандакорї шудааст.

Яке аз ҷозибаҳои Маҷмааи “Истиқлол” майдони тамошои он мебошад, ки дар ошёнаи 14 дар баландии 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад, ки тавассути он намои пойтахти кишвар ва зебоиҳои онро метавон мушоҳида намуд.

Воқеан, боздид аз чунин ёдгориҳои таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ дода, барои баланд гаштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ замина мегузорад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top