Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳо ва корхонаву иншооти шакли моликияту мансубияташон мухталифи шаҳру ноҳияҳои кишварамон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Ҳар як сокини мамлакат саъю кӯшиш менамояд, ки дар ин корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, дар шукуфоиӣ Ватани азизамон саҳми босазои хешро гузорад.
Дар робита ба ин, бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ санаи 27 августи соли равон кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба шанбегии дастаҷамъона баромаданд.
Ҳар як корманди Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” дар баробари пешбурди самти фаъолияти хизматӣ саъю кӯшиш ба харч медиҳад, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонию сабзу хуррамгардонӣ низ аз худ саҳми арзишманд гузорад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед