Ҳамасола дар шаҳрҳои Авруосиё форуми “Strategeast state&IT Eurasian Forum” баргузор мегардад, ки ин як платформаи беназири муколома байни давлат ва намояндагони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Аввалин бор форуми мазкур соли 2019 дар шаҳри Киев, Ҷумҳурии Украина ва соли 2020 дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур намояндагони ширкатҳои технологии ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ, ҳукуматҳо, ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Иштирок дар форум имкони рушди иқтисоди инноватсионӣ натанҳо дар минтақаи Аврусиёгӣ балки дар иқтисоди ҷаҳонӣ низ мусоидат менамояд.
Форуми навбатӣ санаи 24-25 октябри соли ҷори дар Самарканд, Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» дар муҳокимаи рақамисозӣ ва бунёди шаҳрҳои ҳушманд фаъолона иштирок намуданд.
Ин як платформаи мубоҳисавӣ барои муайян кардани имкониятҳо ва мушкилоти умумии бахши технологияҳои иттилоотӣ дар кишварҳои Авруосиё ва табодули таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ ва дониш дар ин бахш мебошад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед