Санаи 24 феврал раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко сафари расмӣ анҷом доданд.
Зимни сафар раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Ивановна Матвиенко ва раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ аз сохтмони мактаби русӣ дар Душанбе дидан ба амал оварданд. Ин муассисаи таълимӣ 1224 толибилмонро фаро мегирад. Чунин мактабҳо дар дигар шаҳрҳои кишвар – дар Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода низ кушода мешаванд ва таҳсил ба забони русӣ сурат мегирад.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода телеконфронс ташкил намуданд. Телеконфронс аз майдони сохтмони мактаби русии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар рафти телеконфронс натиҷаи корҳои сохтмонии мактабҳои русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври онлайн намоиш дода шуданд.
Имсол аз барқарории равобити дипломатӣ миёни Русия ва Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва бояд гуфт, ки ҳамкориҳои кишварҳо гуногунҷанба ва судманд мебошанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед