Сафари кории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» ба Федератсияи Россия, шаҳри Москва.

1 феврали соли 2023 дар шаҳри Москва вохӯрии ҳайати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикинвест» Ҷавоҳирлал Музаффарӣ, муовини директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бобоев Фарҳод, бо муовини директори Корпоратсияи давлатии «Роскосмос» Перминов Анатолий Николаевич ва директори генералии ҶДММ «Космические Коммуникации» Копылцов Михаил Валерьевич баргузор гардид.

Дар ҷаласа нақшаи таҳияи Созишномаи сармоягузорӣ оид ба таъсиси маҷмуи бехатарии ҳаракат дар роҳ дар доираи амалигардонии компоненти «Шаҳри бехатар» лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории зич ва таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани супоришҳои техникӣ, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои ҳуқуқии татбиқи Созишномаи сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.

Вохурӣ дар вазъияти пурмаҳсул гузашт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top