МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО РАИСИ ШАҲРИ МИНСКИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ВЛАДИМИР КУХАРОВ

ш.Душанбе. 11.10.2022. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Владимир Кухаров вохӯрӣ наҷом доданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Беларус мавриди музокирот қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи муносибатҳои мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ, ки аз мулоқотҳои мунтазами сатҳи олии роҳбарони ду давлат маншаъ мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки шаҳрҳои Минск ва Душанбе дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. Аз ҷумла қайд гардид, ки айни ҳол миёни соҳибкорон ва корхонаҳои тиҷоратии шаҳрҳои Душанбе ва Минск ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ташкили корхонаҳо ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.

Иштирокчиёни мулоқот омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ҳарду ҷониб ва миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг низ таъкид намуданд.

ҲМАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top