Имрӯз, 6 феврали соли 2024 дар дафтари кории Бонки Ҷаҳонӣ вохӯрӣ бо мисияи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД “Шаҳри ҳушманд”, роҳбарияти кумитаву идораҳои дахлдор, ки бо масъалаҳои идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе машғуланд, иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии вохӯрӣ муҳокимаи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» буд. Лоиҳа ҷамъоварии ҷудогона ва истифодаи самараноки партовҳоро таъмин намуда, ба рушди устувор мусоидат мекунад.
Ҳамчунин дар баргузории вохӯрӣ тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мутахассисони соҳа масъалаи таъсиси ҷойҳои махсусро барои коркарди партовҳои сохтмонӣ (партовҳои вазнин) бо истифодаи технологияҳои махсус дар доираи ин лоиҳа баррасӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар доираи вохӯрӣ рӯнамои «Таҳлили имкониятҳо барои бахши хусусӣ дар идоракунии партовҳои сахти маишӣ» баргузор гардид.
Тибқи қарори раиси Шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 ноябри соли 2023 Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» дар назди КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” таъсис дода шудаст.
Хулоса, татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки вазъи экологии шаҳр тавассути технологияҳои рақамӣ беҳтар карда шавад, ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии пойтахти мо ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти муҳим дорад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед