23 августи соли 2022 дар Маркази идоракунии лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муаррифии лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Муаррифии мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Эра» барои сохтору идораҳои шаҳри Душанбе, ки дар лоиҳаи мазкур иштирок мекунанд, баргузор гардид.
Дар доираи муаррифӣ директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод ҳадафи лоиҳаро мухтасаран шарҳ дод. Бояд зикр кард, ки лоиҳа тасвири харита, ки дар он маълумот дар бораи инфрасохтори шаҳр, роҳҳо ва сарҳадҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншоотҳои иҷтимоии шаҳри Душанбе дарҷ хоҳанд гашт.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед