Аз 23 то 25 майи соли 2022 ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Инфрасохтори шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ» вориди Душанбе шуданд.
Ҳадафи ин миссия ба масъалаҳои инфрасохтори шаҳрҳо таҳлил ва ҷамъоварии маълумот дар соҳаи системаи нақлиёти шаҳри Душанбе мебошад.
Бонки Ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лоиҳаи «Беҳтар намудани инфрасохтори шаҳрҳо ва азнавташкилдиҳии шабакаи нақлиёти мусофирбар, беҳсозии хатсайрҳо ва таҳияи барномаи нақлиёти ҷамъиятиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон» таҳия менамояд.
Лоиҳа моҳи марти соли 2022 оғоз ёфта, дар ҷараёни ҷамъоварии маълумот ва омода кардани гузориш дар бораи нақлиёти ҷамъиятии Душанбе қарор дорад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ тадқиқоти ҳамаҷониба ва мӯҳлатҳои шабакаи хатсайри мусофирбарро бо мақсади муайян кардани хусусияти ҳаракат, талабот ва пешниҳоди аҳолӣ анҷом диҳанд. Барои навъҳои гуногуни наклиёти мусофиркашонӣ, инчунин тартиб додани стратегияи тараққиёти нақлиёти шаҳрӣ пешбинӣ шудааст.
Дар доираи миссия намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо КВД «Шаҳри ҳушманд», инчунин бо намояндагони соҳаи нақлиёт, аз ҷумла бо Раёсати нақлиёти шаҳри Душанбе, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётадамотрасон», ширкати «Душанбесити», инчунин бо Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус» вохӯрӣ доир намуданд. Дар доираи ин вохӯрӣ муаррифӣ ва баррасии кори лоиҳа баргузор гардид, ки дар натиҷа аз шарикони маҳаллӣ дар соҳаи нақлиёт фикру мулоҳизаҳо гирифта шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни ин сафар таҳқиқоти саҳроӣ анҷом дода шуд, ки боздид аз маркази истифодабарии автобусҳо, сафарҳо бо автобус, троллейбус, микроавтобус ва микроавтобусҳо барои муайян кардани ҳаракати мусофиронро дар бар мегирифт гузаронида шуд.
Дар Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётҳадамотрасон» маркази диспетчерӣ ва системаи назорати нақлиёти ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» ҷорӣ карда шудааст, намоиш дода шуд. Фаъолияти маркази диспетчерӣ ин назорат дар харитаи электронӣ вақти воқеӣ аз рафту омади нақлиётӣ ҷамъиятӣ ва ҳолати техникии он мебошад. Намояндагони Бонк нияти идомаи ҳамкориро бо тамоми намояндагони манфиатдор дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати татбиқи бомуваффақияти лоиҳа изҳор намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед