Аҳли кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо беҳтарин орзуҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни мавлудашон самимона табрику муборакбод намуда, саломатии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳои бузург орзумандем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо собитқадамона дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ пеш меравад. Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ афзун гардидааст.
Умедворем, ки давлати тоҷикон боз ҳам ободтару зеботар мегардад ва дар саҳнаҳои дохилию байналмилалӣ мавқеи хосеро ишғол менамояд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед