Вохӯрӣ бо намояндагони Академияи идоракунии электронӣ (E-governance Academy) Эстония

19 майи соли 2022 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини директори корхона Бобоев Фарҳод Рустамович бо Ҳаннес Асток – Раиси Раёсат, директори иҷроияи Академияи идоракунии электронӣ, Арво Отт – узви Раёсат, директори технологияҳои ҳукумати электронӣ ва Амирбек Саидбеков – ҳамоҳангсози барномаҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони Академия оид ба фаъолияти Академия, ки фонди ғайритиҷоратӣ буда, ба муассисаҳои бахши давлатии саросари ҷаҳон дар трансформатсияи рақамӣ кӯмак мерасонад, суханронӣ карданд. Ин созмон соли 2002 бо ташаббуси Ҳукумати Эстония, Институти Ҷамъияти Кушода (OSI) ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) таъсис ёфтааст.

eGA ба бахши давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ноил шудан ба трансформатсияи рақамӣ, аз ҷумла тавассути машварат, омӯзиш, шабакасозӣ, тадқиқот ва кӯмак дар татбиқи ҳалли техникӣ дар соҳаи ҳукумати электронӣ кӯмак мерасонад.

Аз ҷониби «Smart city» презентатсия оид ба фаъолияти корхона ва лоиҳаҳое, ки мутахассисони «Smart city» кор карда истодааст, намоиш дода шуд. Дар рафти муҳокимаи лоиҳаҳо мубодилаи афкор барпо гардид, ки ба онҳо ҳар ду ҷониб мароқ зоҳир намуданд. Ҷонибҳо дар бораи иқдомоте, ки аз ҳарду ҷониб ба хотири такони нав ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар лоиҳаҳои Smart city ба мувофиқа расиданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top