Вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо намояндагони Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA).

19 майи соли 2022 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) баргузор гардид. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Табарзода Ҷамшед бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ба намояндагони Агентӣ барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуд.

Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) муовини Раиси шаҳрро дар бораи ҳамкории зич бо Вазорати нақлиёт, ки дар доираи он мутахассисони вазорат ба омӯзиш ва такмили ихтисос дар муассисаҳои Ҷопон ҷалб карда мешаванд, маълумот доданд.

Ҳамзамон, дар ин дидор ҷонибҳо дар мавриди омода кардани мутахассисон дар бахши обтаъминкунӣ ва энергия ба мувофиқа расида, аз ҷониби Оҷонсӣ пешниҳод шудааст, ки барои омӯзиши мушкилоти таъмини об дар шаҳри Душанбе мушовир ҷудо карда шавад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Саъди Самадзод иштирок намуда, ба иштирокчиёни маълумот оид ба лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» аз ҷумла: «eTib» дар соҳаи тандурустӣ, «GPS» мониторинг» дар соҳаи нақлиёт, «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» ва «Неруи ҳушманд» дар соҳаи экология ва лоиҳаи Wi-Fi ройгон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ва «еDonish» дар соҳаи маориф маълумот пешниҳод намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои роҳсозӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва баргузории мулоқотҳо ҷиҳати рушди пешбурди ҳадафҳои гузошташуда изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top