Вохӯрии муовини директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 июли соли 2022 дар КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» –и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини директор Бобоев Фарҳод Рустамович бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон хонума Саломе Штайб баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои рушди устувори иқтисодӣ ва лоиҳаҳои сабз дода шуд (Green projects). Зимнан зикр гардид, ки «Шаҳри ҳушманд» ҳадафҳои гуногун дорад, вале муҳимтаринаш истифодаи технологияҳои муосир барои рушди шаҳр аст, ки онро сермаҳсул, самарабахш, кам ифлоскунанда ва баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими муносибатҳо низ баррасӣ шуданд.

Мулоқот дар фазои гарми дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо нияти худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top