Аз 28-уми феврали соли 2022 бо мақсади идома додани ҳамкориҳои дуҷониба сафари хизматии гуруҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳри Тошканд идома дорад.
Санаи 28 феврал дар ҳукумати шаҳри Тошканд вохӯрии муовини Раиси шаҳр Сардор Абдуллоев бо гурӯҳи кории КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мутахассисони IT аз ҳарду ҷониб иштирок карданд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки Тошканду Душанбе нақшаву вазифаҳои якхела ва дурнамои бузурги рушди ҳамкориҳо доранд.
Гуруҳи корӣ ҳамчунин аз «Маркази ситуатсионӣ»-и шаҳри Тошканд дидан карданд.
Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Узбекистонро дар оянда таъкид карданд.
www.tashkent.uz Хабар медиҳад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед