28 апрели соли 2022 дар офиси Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии директори Корхона Саъдӣ Самадзод бо Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такасака Мунео.
Дар рафти вохӯрӣ лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои «eTib» дар соҳаи тандурустӣ ва «Рушноии ҳушманд» зоҳир гардид.
Вохӯрӣ самаранок гузашта, ҷонибҳо барои ҳамкориҳои минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед