5 августи соли 2022 вохӯрии Директори Корхона Саъдӣ Самадзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок ва намояндагони ширкати кореягии «RexGen» баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳое, ки Корхона дар самти бехатарии ҳаракат дар роҳ корбарӣ менамояд, дода шуд. Бояд зикр кард, ки КВД «Шаҳри ҳушманд» дар якҷоягӣ бо ширкати Кореягӣ «RexGen» ба тарзи пилоти дар шаҳри Душанбе камераҳои назоратӣ насб намуда аст . Қарор аст, ки боз 200 камераҳои назоратӣ ва 150 камераҳо бо системаи назорати суръат дар шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ насб карда шаванд.
Вохӯрӣ самаранок гузашта дурнамои ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳо баррасӣ гардиданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед