БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ САРРАЁСАТИ МАОРИФ ДАР СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАҲО ДАР СОЛИ 2024

4 январи соли 2024 дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, директори Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе”, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, сарпарастони соҳаи идеологӣ, директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли моликият ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мушовара масъалаҳои “Ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024” ва “Тасдиқи нақшаи кори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои соли 2024” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мушовара зикр гардид, ки маҳз дастгириву ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маорифи пойтахт, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа, таъсиси муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, дар меҳвари диққат қарор доштани донишомӯзии насли наврас ба таҳкими илму дониш нерӯи тоза ва такони ҷиддие бахшида, баҳри расидан ба ҳадафҳои нақшавӣ заминаи мусоиде фароҳам овардааст.

Муваффақиятҳои соҳаи маорифи пойтахт, ин пеш аз ҳама вусъат ёфтани бунёду сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон тавассути Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва дар ин замина таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, зиёд шудани теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, байналмилалӣ ва ғолибони озмунҳои гуногун аз ҳисоби хонандагон, аз ҳама ҷиҳат дастгириву ҳавасмандгардонии устодону омӯзгорон, мураббиён, хонандагон ва падару модарон, инчунин баҳри пешрафти соҳаи маорифи пойтахт дар ҳошияи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ намудани барномаҳои гуногун ва озмунҳои мухталиф аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, ин иқдомоти созанда идома дорад.

Дар ҷамъбаст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур изҳори боварӣ намуданд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд гардидани сифати таълиму тарбия, минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ фаъолият менамоянд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Д.Р., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода З.Н., директори Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Раҳимӣ К., директорони Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Қувватова Рафоат Ашуровна, Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Аминов Муслиҳиддин ва директори Гимназияи хусусии «Кафолат» Шарифхоҷаи Шарифӣ фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2023 қаноатбахш арзёбӣ гардида, Нақшаи кори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои соли 2024 тасдиқ шуд.

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top