Ҷамъбасти чорабинии ICT week

10 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе «ICT WEEK» ба анҷом расид, ки ҳамасола дар пойтахти Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо мақсади таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ, математика ва рушди рақамисозӣ баргузор мегардад.

Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзод Ҳаким Шамсулло ва Президенти парлумони Вена Эрнст Воллер суханронӣ намуданд.

Дар доираи чорабинӣ ҷоизасупории тантанавии ғолибони озмунҳои «Илм ва амал», «Мусобиқаи роботҳо», «Омӯзгори муосир», «Барномасозӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Бозори электронӣ ва тиҷорати рақамӣ», инчунин беҳтарин омӯзгорон, донишҷӯен ва маъмурони барномаи электронии «eDonish» ва фаъолтарин муассисаҳои таълимӣ оид ба ҷорӣ намудани барномаи электронии «eDonish» баргузор гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Чорабиниҳо ва мусобиқаҳои зеҳнии «ICT WEEK» барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, таҳкими фарҳанги техникӣ, рушди малакаҳои муосир, баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим ва рушди устувори рақамисозӣ заминаи мусоид фароҳам менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top