WiFi-и ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкати Zet-Mobile бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» дар нақлиёти ҷамъиятии хатсайри автобусҳои №3А, №8 ва троллейбусҳои №1 васли Wi-Fi-и ройгонро барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт ба роҳ мондааст.

Пайвастшавии интернети ройгон аз рӯи технологияи Wi-Fi дар дигар хатсайрҳои нақлиёти ҷаъмиятии мусофиркаши шаҳр идома дорад ва дар оянда ҳамаи хатсайрҳо фаро гирифта мешаванд.

Илова кунед

scroll to top