Вохӯрӣ оид ба лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе»

16 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода вохӯрии корӣ бо иштироки роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони Кумитаи андоз назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи андоз Солеҳзода Аюбҷон Маъруф баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот самтҳои фаъолияти корхона, дастовардҳо, лоиҳаҳои дар амал буда ва нақшаҳои ояндаи он шарҳ дода шуданд.

Таъкид гардид, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як қатор лоиҳаҳоро амалӣ менамояд ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз баён намуд.

Татбиқи ин ташаббус ба таҳкими ҳамкории сохторҳои шаҳрӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, тезонидани расонидани хизматҳои давлатӣ ва таъмини шаффофияти равандҳои идоракунӣ равона шудааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва густариши иқдомҳои муштарак изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top