Вохӯрии намояндагони бародаршаҳрҳои Душанбе ва Сямэнь

Вохӯрии намояндагони бародаршаҳрҳои Душанбе ва Сямэнь

15 майи соли 2023 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо муовини Раиси шаҳри Сямэнь Чжуан Чжунлян мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн ширкат доштанд.

Мулоқот ба муносибати 10-умин солгарди ҳамкориҳои бародаршаҳрҳои Душанбе ва Сямэн баргузор гардид. Ҷонибҳо нияти ҳамкориҳоро дар бахшҳои фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҳамчунин дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва лоиҳаҳои корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» иброз доштанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ директори корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Саъди Самадзод мехмоноро бо бинои сохташудаистодаи  маъмурии КВД «Шаҳри ҳушманд»,  ошно намуд, ки дар он ҷо таъсиси аввалин Маркази сертификатсияшудаи коркарди маълумот ва Маркази ҳамоҳангсозӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top