25 октябри соли 2021 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии директори корхона Саъдӣ Самадзод бо намояндагони бонки Аврупоии Таҷдид ва рушд Директори Осиеи Марказӣ Жужунна Харгитай, роҳбари бонки Аврупоии Таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Рика Ишии, намояндаи шуъбаи инфрасохтор Талай Асылбеков баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд Саъди Самадзод самтҳои фаъолияти корхонаро муарифӣ намуда, оиди лоиҳаҳои ҳушманд аз ҷумла “е-Donish”-дар соҳаи маориф, “еТиб”-дар соҳаи тандурустӣ, системаи GPS дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ, лоиҳаи партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он ва ташкили IT-Park маълумот манзур намуданд.
Намояндагони КВД шаҳри ҳушманд (Smart City)” аҳамияти комёбиҳои ноилшуда дар лоиҳаи GPS-мониторинг дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ-ро намоиш доданд.
Мавзуҳои асосии муҳокима инҳоянд: назорати риояи стандартҳои ҷаҳони дар доираи лоиҳаҳои дар боло номбаршуда ва аҳамияти иҷтимоию экологии лоиҳаҳо.
Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар самтҳои мутақобилан судманд ва пешбурди лоиҳаҳои нави муштараки минбаъда изҳори назар карданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед