Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025.

 

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади таъмини вазъи иқтисоди пойдор, муайян намудани самтҳои афзалятноки рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар давраи то соли 2025 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тасдиқи Барномаи рушди иқтисоди-иҷтимоии шаҳри Душанбе дар давраи то соли 2025.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зимни коркарди пешбиниҳои рушди иҷтимои-иқтисодии шаҳри Душанбе дар пешомади кутоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат нишондодҳои Барномаи зеринро дар чаҳорчубаи тадбирҳои мавҷудаи Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба инобат гиранд.

3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи нишондодҳои Барномаи мазкур, тибқи расмиятҳои мавҷуда ҳуҷҷати лоиҳави-сметавӣ омода намуда ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ҷалби сармояҳои дохилию хориҷиро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимои-иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 – ро таҳти назорат қарор дода ва ҳамасола то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои Барнома ҳисобот пешниҳод намояд.