Семинари омӯзишӣ оид ба низоми электронии қабул ба синфи як

30 июли соли равон дар Литсейи №4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба қабули хонандагон ба синфи як тавассути барномаи электронии «eDonish» баргузор карда шуд, ки дар он сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Зафар Муродзода, директорону муовинони директор ва маъмурони барномаи электронии «eDonish»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуданд.

Чорабиниро сардори Сарраёсати маорифи пойтахт Баҳром Исмоилзода ифтитоҳ карда, доир ба дастовардҳои барномаи электронии “eDonish” ва имкониятҳои нави он изҳори назар кард ва таъкид намуд, ки бо ҳидоят ва дастури бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассиса тавассути барномаи электронии «eDonish» амалӣ карда мешавад. Ин иқдом дар доираи тадбирҳо ҷиҳати гузариш ба таҳсилоти рақамӣ амалӣ карда шуда, барои гузариш ба низоми электронии таҳсилот қадами муҳим ба шумор меравад.

Қайд гардид, ки барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар давоми фаъолияти худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид ва дар ин муддат дурустии худро исбот намуд. Барнома имкониятҳои васеъ дошта, барои гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ заминаи мувофиқ фароҳам сохтааст.

Дар идома аз ҷониби мутахассисон имконияти нави барнома – қабули хонандагони синфҳои 1 тавассути барнома муаррифӣ карда шуд. Дар семинар ба маъмурон ва масъулин тарзи кор бо низоми электронӣ, тартиби амалисозии он қадам ба қадам омӯзонида шуд.

Семинар судманд гузашт ва дар фарҷом мутассаддиён муваззаф гардиданд, ки раванди қабули хонандагони синфи якро зери назорати доимии худ қарор диҳанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top