Сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Astana Hub» – и шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади омўзиши таҷрибаи пешқадам Гуруҳи корӣ дар ҳайати роҳбарияти муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, корхонаи воҳиди давлатии Пажӯишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» ва КВД «Шаҳри ҳушманд (smart city)» – и Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба «Astana Hub» шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафрабар гардиданд.

Astana Hub бузургтарин технопарки байналмилалии IT-стартапҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин ҷо барои рушди озоди ширкатҳои технологии Қазоқистон ва хориҷӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Сафари корӣ ба шиносоии фаъолияти бузургтарин технопарк, табодули таҷриба ва ҳамкориҳои оянда замина гузошт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top