Рӯнамои Лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе” бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе

Дар санаи 5 сентябри соли 2024 ҷаласаи корӣ оид ба раванди амалигардонии лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе” бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Холмуҳамадзода Сорбони Амирхонӣ, директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” Саъдӣ Самадзод ва кормандони масъули лоиҳа баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 ноябри соли 2023 дар назди КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ намудани лоиҳа мазкур, Гурӯҳи татбиқи лоиҳа таъсис дода шудааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки зимни баргузории ҷаласа оид ба ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа, алалхусус оид ба беҳтарсозии низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби шахсони масъул рӯнамо пешниҳод гардида, вобаста ба татбиқи саривақтии чорабиниҳои лоиҳа дастури мушаххас дода шуд.

Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки бо истифода аз роҳҳалҳои технологияи иттилоотӣ вазъи экологии шаҳр беҳтар карда шавад, ки барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии пойтахт ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти муҳим дорад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top