Омӯзиш ва омодагӣ: тадбирҳо ҷиҳати татбиқи боз ҳам васеи барномаи “eDonish”

Дар таърихи 16 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” бо мақсади муаррифии имкониятҳои барнома электронии “eDonish” ва омодагӣ ба марҳилаи сеюми ҷорӣ намудани барномаи мазкур дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо ҷалби роҳбарони  муассисаҳои таълимӣ семинар баргузор гардид.

Дар семинар Директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Каримзода Ш.К.,сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд” -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раҳмонов С., мутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд” -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Комилзода Д., менеҷери барномаи “eDonish” Ҷураева А., директори шуъбаи маркетинг, менеҷмент ва сармоягузории ҶДММ «ВАТАН ИКТ» Тӯраев Б.  баромад намуда, доир ба имкониятҳои гуногуни барнома ва натиҷаҳои мусбати татбиқи он иттилоъ доданд.

Зимни чорабинӣ роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт  ба саволҳои худ доир ба дастрасӣ ва истифодаи имкониятҳои нави барнома, аз қабили маълумоти муфассал дар бораи ҳайати кормандон, назорати рафту омади саривақтии омӯзгорон ва хонандагон, давомоти хонандагон, нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаи таълимӣ посух гирифтанд.

Дар ҷамъбаст, аз ҷониби иштирокчиёни семинар қайд карда  шуд, ки дар воқеъ барномаи электронии “eDonish” шаффофияти фаъолиятро таъмин намуда, як қатор сабукиҳоро барои муассисаҳои таълимӣ пешниҳод менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top