Мулоқоти директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» бо директори дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

19 июни соли 2023 мулоқоти директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо директори дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб баргузор гардид.

Мавзўи асосии мулоқот лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд» буд. Зимнан қайд гардид, ки стратегияи асосии КВД «Шаҳри ҳушманд» истифодаи технологияҳои нави интеллектуалӣ ва лоиҳаҳо барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Душанбе мебошад.

Хонум Саломе Штайб ба лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» баҳои баланд дода, зарурати татбиқи онҳоро таъкид намуд ва зикр карданд, ки дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои ҳамкориро бо «Шаҳри ҳушманд» баррасӣ хоҳад кард.

Дар доираи вохўрӣ аз бинои маъмурии КВД «Шаҳри ҳушманд», ки сохта шуда истодааст, боздид ба амал оварда шуд, ки дар он ҷо таъсиси аввалин Маркази сертификатсияшудаи коркарди маълумот ва Маркази координатсионӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Директори корхона нақша ва лоихаи объектхои сохташавандаро муаррифӣ намуданд.

Вохўрӣ бо нияти ҳамкориҳои минбаъда дар татбиқи лоиҳаҳо пурсамар гузашт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top