Муаррифии аввалин чати GPT дар Тоҷикистон

Санаи 25 сентябри соли 2023 дар меҳмонхонаи «Hayatt Ragency» муаррифии аввалин чати GPT дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати «Tcell» баргузор гардид.

Ширкати «Tcell» тамоюлҳои ҷаҳонии ҷорӣ намудани системаи ягонаи рақамӣ, амалисозии лоиҳа дар соҳаи тиҷорати электронӣ, тарҳрезӣ ва таҳияи воситаҳои нави хизматрасонӣ ба мизоҷонро пайгирӣ намуда, яке аз аввалинҳо шуда дар кишвар технологияҳои нави рақамиро ҷорӣ мекунад. Ин маҳсулот, аз ташаббусҳои охирини ширкат оғози аввалин чати GPT мебошад.

Дар муаррифии чати GPT директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод иштирок ва баромад намуда, лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушмандро»-ро ба иштирокчиёни ин чорабинӣ муаррифӣ намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top