МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТАНИ НУҚТАИ НАВБАТИИ НЕРӮДИҲИИ ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО ДАР ПОЙТАХТ

ш.Душанбе. 29.05.2024. Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати гузариш ба иқтисоди сабз ва консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то давраи соли 2026, дар кӯчаи Ҷаббор Расулов боз як нуқтаи дигари нерӯдиҳии электромобилҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи нуқтаи нерӯдиҳӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД “Шаҳри ҳушманд” ва ширкати ватании Як таксӣ иштирок намуданд.

Масоҳати нуқтаи нерӯдиҳии электромобилҳо ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, он имкон дорад дар як вақт то 20 воситаи нақлиётро дар саҳни худ ҷо кунад. Як қисмати ин нуқта ҳамчун таваққафгоҳ ва паҳлӯи дигари он барои нерӯдиҳии электромобилҳо пешбинӣ гардидааст. Дар ин нуқтаи хизматрасонӣ 6 таҷҳизоти барқӣ бо иқтидорӣ 120 киловат нерӯдиҳӣ насб карда шудааст. Ҳар таҷҳизот бо ду хатти нерудиҳӣ метавонад дар як вақт ду электромобилро бо нерӯи барқ таъмин намояд. Дар умум ин 6 таҷҳизоти барқӣ 12 электромобилро бо нерӯи барқ таъмин менамояд.

Нуқтаи нерудиҳии электромобилҳо хатҳои уфуқӣ, камераҳои мушоҳидавӣ ва бунгоҳи назоратӣ дорад. Мавҷудияти инфрасохтор имкони сатҳи баланди хизматрасониро таъмин мекунад.

Нуқтаи нерӯдиҳии электромобилҳо дар ноҳияи Сино дар миёни роҳи автомобилгард ҷойгир аст ва воситаҳои нақлиёти барқӣ имкон доранд аз як тарафи роҳ ба нуқтаи хизматрасонӣ ворид ва хориҷ шаванд. Дар ин нуқтаи хизматрасонӣ дар баробари ронандагони электромобилҳои таксӣ шаҳрвандон ҳам метавонанд воситаҳои нақлиёти барқии худро бо нерӯи барқ таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи ҷорӣ ҶДММ «Сайёҳон» боз як нуқтаи пуркунии воситаҳои нақлиёти барқиро ифтитоҳ намуд, ки дар он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва КВД «Шаҳри ҳушманд» иштирок доштанд.

Нуқтаи нерӯдиҳии электромобилҳо ҷиҳати иҷрои муқаррароти Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Консепсияи мазкур дар заминаи “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028”, ки 31-уми октябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, таҳия ва мавриди амал қарор гирифт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top