Бо мақсади арҷгузорӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии кормандон, ҳайати КВД «Шаҳри ҳушманд» аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо таърихи таъсис, марҳилаҳои рушд ва саҳми ин ҳизб дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ваҳдати ҷомеа шинос шуданд.
Ин иқдом на танҳо ҳамчун арҷгузорӣ ба шахсияти Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар рушди кишвар сурат гирифт, балки ҳамзамон ба густариши ҷаҳонбинӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти масъулияти шаҳрвандии кормандон мусоидат намуд.

















Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte